Адолф Байер

Адолф Байер
олмонӣ: Johann Friedrich Wilhelm Adolf von Baeyer
Таърихи таваллуд 31 октябр 1835(1835-10-31)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 август 1917(1917-08-20) (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ organic chemistry
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Robert Bunsen ва August Kekulé
Шогирдон Heinrich Wieland
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иоҳанн Фридрих Вилҳельм Адолф фон Байер (олмонӣ: Johann Friedrich Wilhelm Adolf von Baeyer; 31 октябри 1835, Берлин20 августи 1917, Мюнхен) — кимиёшиноси олмонӣ, Узви АИ Берлин ва Ҷамъияти кимиёшиносони Олмон. Барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё соли 1905.

Зиндагинома

Баъди хатми гимназия (1853) дар Донишгоҳи Берлин ду сол физика ва математика, сипас дар Донишгоҳи Гейделберг илми кимиё омӯхтааст.Дар бораи пайвастҳои органикии маргимуш таҳқиқот анҷом дода, унвони докториро соҳиб шудааст. Солҳои 1858–1860 дар Донишгоҳи Генти Белгия фаъолияташро давом медиҳад. Баъдан ба Олмон баргашта, дар Мактаби олии техникии Берлин кор мекунад. Проф. Донишгоҳҳои Страсбург (аз 1872) ва Мюнхен (аз 1875). Дар синни 12-солагӣ намаки дучандаи нав – карбонати мис ва натрийро кашф мекунад. Кашфи кислотаи барбитурат ва барбитуратҳо (1864), реаксияи индофенил (1879) низ ба Байер мансуб аст.

Ҷоизаҳо

Соли 1905 барои хидматҳои бузургаш дар пешрафти кимиёи органикӣ ва саноати кимиё, дар робита ба пажӯҳишҳо оид ба рангҳои органикӣ ва пайвастҳои гидроароматӣ ба Мукофоти нобелӣ дар соҳаи кимиё сазовор гардидааст. Ҷамъияти кимиёшиносони Олмон бо номи Байер мукофоту медал таъсис додааст.

Эзоҳ

Сарчашма