Чарлз Гловер Баркла

Чарлз Гловер Баркла
англ. Charles Glover Barkla
Таърихи таваллуд 7 июн 1877(1877-06-07)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 октябр 1944(1944-10-23) (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ atomic physics ва физики ҳастаӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Oliver Lodge
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Чарлз Гловер Ба́ркла (англ. Charles Glover Barkla; 18771944) — физикдони англис.

Зиндагинома

Чарлз Гловер Баркла хатмкардаи Донишгоҳи Ливерпул (1899). Солҳои 1899 −1902 таҳти роҳбарии Ҷ. Ҷ. Томсон дар Донишгоҳи Кембриҷ кор кардааст. Солҳои 1909-13 профессор физикаи Коллеҷи шоҳии Донишгоҳи Лондон ва аз соли 1913 то охири умр мудири кафедраи натурфалсафаи Донишгоҳи Эдинбург буд. Дар соҳаи физикаи атом, физикаи ядро ва афканишоти рентгенӣ таҳқиқот гузарондааст. Чарлз Гловер афканишоти тавсифии рентгении унсурҳои кимиёӣ ва таркиби флюуорессентии афканишоти парокандаи рентгениро кашф кард. Барои кашф ва таҳқиқоти афканишоти тавсифии рентгенӣ сазовори Чарлз Гловер Баркла Ҷоизаи Нобел дар бахши физика гардид (1917). Ӯ инчунин қутбнокшавии афканишоти рентгениро ошкор намуд, ки барои тавсифи нурҳои рентгенӣ ҳамчун афканишоти электромагнитӣ аҳаммияти калон дошт.

Эзоҳ

Сарчашма